Бо баракати соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботи комил ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо яке аз кишварҳои амнтарин ва зеботарини ҷаҳон маҳсуб рафта, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар он босуръат ривоҷ доранд.
Инро мо танҳо дар мисоли як ноҳияи худамон бараъло метавонем мушоҳида кунем. Дар ҳудуди як муҳлати кӯтоҳ, ҳатто як ҳафта, ё як моҳ агар берун аз ноҳия бошӣ, вақте ба маркази он меоӣ, ба хубӣ пай мебарӣ, ки дар ин чи қадар навгоние рух додааст. Рӯз то рӯз биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат меафрозанду симои ноҳияро дигар мекунанд. Маҳалҳои аҳолинишин низ зеботару диданитар гардида, симои шаҳракро ба худ касб карда истодаанд.
Имсол дар ноҳия бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо корҳои бузурги созандагӣ ба амал омадаанд, ки дар таърихи ноҳиядорӣ фаромӯш нахоҳанд шуд.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 404 иншооти ба нақша гирифташуда 254 иншоот, аз ҷумла 32 иншоот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва Барномаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз шумораи 256 иншооти ба нақша гирифташуда 205 иншоот, аз ҷумла дар ин нуҳмоҳа 65 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ истеҳсоли картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 61115 тонна расонида шуд. Бо эълон гаштани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат коргоҳу корхонаҳои хурди истеҳсолӣ бунёд шуда истода, айни ҳол 34 корхонаи хурди саноатӣ фаъолият намуда истодаанд.
Бунёди биноҳои аз 5 то 12 ошёна дар маркази ноҳия бомаром идома дошта, вусъати ба худ хос пайдо намудаанд, ки дар беҳдошт ва таъмини манзили зист барои сокинони ноҳия мусоидат менамоянд.
Хурсандиовар он аст, ки бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ 134 адад хонаҳои истиқоматии аз заминларза пурра ва қисман зарардидаи сокинони деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон мавриди истифода қарор дода шуда, инчунин дар ин доира муассисаи таълимии № 53 дар деҳаи Себистон, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, толори варзишӣ дар деҳаи Бедак, боғчаи бачагона, майдончаи варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Зарангак, боғчаи бачагона дар деҳаи Нимич ва мумфарш намудани роҳи байни деҳаҳои Қазноқ-Вардуч мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамин тариқ, ноҳияи мо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд аст. Дер нест, ки он ба яке аз ноҳияҳои зеботарини мамлакат табдил ёбад.