Санаи 8 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи сеюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи сеюми (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 марти соли 2022, №90 “Дар бораи Барномаи азхудунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳоит №36, Идибегзода С.И)
Рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, Хушмаҳмадзода Ф.С).
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ялдамич, №32. Сайдаҳмадзода Абдулхайр.
Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Ҳ).