4 октябри соли 2025 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳия тантанаи идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар симои ҳозирон мардуми ноҳияро ба ин ду ҷашни миллӣ шодбош гуфта, дар хусуси гиромидошти забони давлатӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.
Баромадкунандагон дар васфи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати пуштибонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуд, ибрози назар намуданд.
Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.
Ҷавҳари аслии забони тоҷикиро ахлоқи накуи инсонӣ ташкил дода, сарвати фарҳанги миллат бо ҳамин забон ба оламиён пешкаш гардидааст.
Вазифаи мо донандагони забон аз он иборат аст, ки чуноне бузургони мо онро то ба даврони мо беолоиш оварда расондаанд, мо низ ба ояндагон бо чунин шакл ба мерос гузорем.
Дар охир бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор як зумра омӯзгорон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.