Санаи 22 сентябри соли 2025 раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва мудири маорифи ноҳия бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҷории муассисаҳои таълимӣ, сатҳу сифати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии 2025-2026, риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, татбиқи низоми баҳогузории 10-хола ва таъмини шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 шаҳраки Ғарм боздид намуд.
Дар ҷараёни ин боздид раиси ноҳия бо ҳолати умумии муассисаи таълимӣ аз наздик шинос гардида, бо хонандагон, омӯзгорон ва ҳайати роҳбарияти мактаб суҳбат анҷом дод.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хонандагон, сари вақт ҳозиршавии хонандагон ба машғулиятҳо ва дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас бояд саҳмгузор бошанд.