Имрӯз 11 июни соли 2025 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти кишти картошка дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак дидан карданд.
Ба муовини Сарвазири Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар бахши кишоварзии ноҳияи Рашт то имрӯз 1699 гектар ғалладона, 366 гектар зиротаҳои техникӣ, 251 гектар сабзавот ва 1637 гектар картошка шинонида шуда, дар майдони 9,5 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Аҳолии ноҳия низ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигиашон нақшаи кишти тамоми маҳсулоти кишоварзиро ба пуррагӣ иҷро кардаанд.
Ҳоло дар ноҳия барои деҳқонон тамоми имкониятҳо, аз ҷумла захираи тухми картошка ва нуриҳои минералӣ фароҳам оварда шуда, барои шудгор кардани заминҳо ҳамаи техникаҳо сафарбар гардидаанд.
Итминони комил ҳаст, ки аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кишоварзони ноҳияи Рашт майдони картошказорро вусъат бахшида, дар таъмин амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.