Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сафари кории ҳунармандони Театри Давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоишномаи «Баъди мурдан хоҳ биёй хоҳ наё» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардидаистодаант.
Тайи ду рӯз аст, ки намоишномаи мазкур дар Ҷамоати шаҳраки Навобод, Ҷамоатҳои деҳотии Боқӣ Раҳимзода ва Қалъанак баргузор гардида, баргузории он дар дигар ҷамоатҳо низ дар назар дошта шудааст.
Сокинони ноҳияи Рашт аз ин намоишнома истиқболи гарму самимӣдоранд.