Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

9 май соли 2025 бахшида ба 80-умин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ ноҳия гулчамбар гузошта шуд.
Пас аз анҷоми гулчамбаргузорӣ дар майдони марказии ноҳия маросими савган ёд кунии наваскарони даъвати баҳорӣ қасами ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз наваскарон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.
Дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон, меҳмонони даъватшуда сарбозон даст ба силоҳ бурданд ва савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба ҷо меоранд, озодӣ ва истиқлоли давлатро мардонавор муҳофизат мекунанд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Идизода Зарина Фузайлшо, сарбозони ва волидону наздикони наваскарон ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия волидони наваскарон, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин меҳмонони даъватшуда сарбозони ҷавонро муборакбод намуданд ва барояшон таманиёти карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ машқҳои ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.