Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН АЗ МАҲАЛИ ЗАМИНЛАРЗАИ НОҲИЯҲОИ РАШТ ВА ТОҶИКОБОД

  Рӯзи 17 апрели соли 2025  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    бо   сафари  корӣ  аз маҳалҳои  аз зилзила зарардидаи ноҳияҳои  Рашт  ва  Тоҷикобод   дидан   карда, бо   аҳолӣ    суҳбату   вохӯриҳои судманд  доир намуд.
 Зимни  суҳбату мулоқот гуфта шуд, ки бо супориши бевоситаи Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табии ташкил шуда, роҳбарони  як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ  вазифадор шуданд, то ҳаҷми Ҳисорот муаӣян гардида,  корҳои  барқарорсозӣ дар муҳлати  кутоҳ анҷом дода    шавад, то мушкилоти     ҷоӣдошта бартараф    ва   барои  аҳолии аз   заминларза    осебдида   хонаҳои истиқомати     ва  дигар   инфрасохтори    зарури  бунёд    карда  шавад.
 Аз рузҳои аввали заминларза бо супориши Пешвои  Муаззами кишвар ба аҳолии зарардида хайма  ва  маводҳои хуроквори  кумак расонда,  роҳҳои маҳали, хати  барқу об ва алока     пурра  барқарор карда шуд.
Аӣни замон ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматии осебдидагон  масолеҳи  сохтмонӣ  ба  ноҳияҳои  Рашт  ва Тоҷикобод  ворид   шуда  бо муаӣян шудани ҳаҷми ҳисорот сохтмони   хонаҳои  истиқомати  оғоз     мегардад.