Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР  НОҲИЯИ  РАШТ

    Дар оғози  ҷашни  Наврӯзи байналмиллали   намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Рашт ва дигар меҳмонон аз омодагии  техникахои   кишоварзӣ ба маъракаи кишту кори баҳори,    намоиши  дастовардҳои   ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот,  ташкилоту корхонаҳо ва маҳсули дастони ҳунармандон  дидан намуда,  ба ҳунари   онҳо  баҳои баланд доданд.
Дар
ҷамъомади тантанавӣ, ки дар майдони варзишии  маркази ноҳия доир гашт,  раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато иштирокчиёни   ҷашни  байналмилалии Наврӯзро  табрик намуданд…
Дар баромади раиси но
ҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо қайд гардид, ки Наврӯз дар сарнавишти мллати тоҷик ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад,  ва мо  ин ҷашнро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил  намуда истодаем..
Мавриди   зикр аст, ки то баргузории ин чорабин
ӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иди Наврӯз дар сатҳи баланд ва шукӯҳу шаҳомати хоса доир гашта буданд.
Ба соби
қадорони меҳнат ва шахсоне, ки дар пешрафти соҳаи хоҷагидории ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ  шуданд.
Баҳри иштирокдорони тантанаи Наврӯзӣ намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанги ноҳия ва барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд.