Тоҷикон аз зумраи мардумони фарҳангдору тамаддунсоз буда ниёгони онҳо дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулайём дорои фарҳанги ғанӣ ва расму оинашон ба тамаддуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд.
Ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудани”Ҷашни Сада” аз ташаббусҳои беназиру фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳад, ки шаҳодат аз таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ҷашни Сада аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошад, ки бо ибтикори, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Дар тантанаи ҷашни Сада, ки 30.01.2025 бо иштироки васеи мардум, ки дар ноҳия баргузор шуд, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ба сухан баромада, иштирокчиёни ҷашнвораро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрику таҳният гуфт.
Дар ин ҷашнвора кишоварзон, аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо дастовезҳои зиёд, намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот, шеъру тарона ва оҳангҳои нав ҷамъ омада, намоиши маҳсулотҳои қаннодӣ, гушту шир, мевагиву, сабзавот, асал ва дигар дастранҷҳои кишоварзон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки мақбули иштирокчиён гардид.
Дар фарҷом Иди Садаро барномаи ҷолиби консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.