Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОНӢ МЕБОЯД

  Баргузории сӯҳбату мулоқотҳо дар доираи Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Рашт дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчунСоли маърифати ҳукуқӣдар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода МТМУ 54 ва МТМУ 6 бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занонва оила, шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид.

  Мазмуну муҳтавои ин мулоқотҳо пешгирии насли наврасу ҷавононро аз шомишавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалб намудани духтарон ба зиннаи сеюми таҳсилот ва идомаи таҳсили онҳо дар макотиби олӣ тавассути маркази миллии тестӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасу ҷавононро дар бар мегирад.