26 октябри соли 2024 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқи бо фаъолони ноҳия вохӯри доир нумуданд.
Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо вохӯриро оғоз намуда, иброз доштанд, ки, ки мақсади асосии баргузории чунин вохӯриҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои миллӣ, устувор намудани ҷомеа ва муносибати эҳтиромона ба шумор меравад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар баромади худ баён дошт, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад,-иброз намуд.
Ҳамчунин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Товикистон” ба масъулин дастуру супоришҳои мушахас доданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар баромади худ меҳмони олиқадро барои ташриф ва вохӯрӣ доир намуданашон изҳори минатдори намуда, қайд карданд, ки воқеанҳам мардуми дурандешу худогоҳи ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро чун ҳарвақта сармашқи худ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар заҳмату талошҳо менамоянд.