Бо пайравӣ аз ҳадафҳои созандагиву ободкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас менамоем, ки таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина фузайлшо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони ҳудуди ҷамоат баргузор гардида истодааст.
Ҳадаф аз ин корҳои ободонӣ ва созандагӣ барои ободу зебо гардидани як гӯшаи диёри азиз мусоидат мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.