Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАЪЮБОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

  Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми хайрхоҳонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба  Рӯзи маъюбон (8 июл) ба оилаҳои маъюбдошта ва ниёзманд ғамхории навбатӣ зоҳир карда шуд.
Р
ӯзи 8 июл бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо барои 20 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуда, дар лагери тобистонаи «Камароб» ба  истироҳату фароғат фаро гирифта шуда, ба онҳо кумаки молиявӣ расонида шудАз тамошои мавзеҳои хуш обу ҳавои дараи овозадори Камароб ва рақсу сурудҳои ҳамешагони худ кӯдакони ниёзманд лаззат бурданд ва таъби болида ба манзилҳои худ бар гаштанд.
Бахшида ба ин сана инчунин, аёдати 10 нафар маъюбон дар хонаҳои  истиқоматиашон сурат гирифта, ба онҳо кумаки моддӣ расонида шуд.