Дастгирии оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонпарваронаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайру сахоро ба анҷом додани ин амали хайр ҳамеша ташвиқ мекунад.
Дар робита ба ин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар арафаи Иди Саиди Қурбон эҳсонкориро роҳандозӣ карда, ба оилае, ки зиёда аз ду маъюб доранд, шахсони камбизоату ниёзманд ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маводи озуқаворӣ таъмин намуданд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои душвор мардуми мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам қарор мегиранд ва даст ба дасти ҳам дода, барои рафъи мушкилот камар мебанданд.