Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА  

Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман дидан карданд.

Ба намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки дар бахши кишоварзии ноҳияи Рашт то имрӯз 836 гектар ғалладона, 299 гектар зиротаҳои техникӣ, 154 гектар сабзавот ва 1029 гектар картошка шинонида шуда, дар майдони  17 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Аҳолии ноҳия низ дар қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигиашон нақшаи кишти тамоми маҳсулоти кишоварзиро ба пуррагӣ иҷро кардаанд.

Ҳоло дар ноҳия барои деҳқонон тамоми имкониятҳо, аз ҷумла захираи тухми картошка ва нуриҳои минералӣ фароҳам оварда шуда, барои шудгор кардани заминҳо ҳамаи техникаҳо сафарбар гардидаанд.

Итминони комил ҳаст, ки аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кишоварзони ноҳияи Рашт майдони картошказорро вусъат бахшида, дар таъмин  амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.