Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАЛАСАИ САЁРИ  ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АҲЛИ МАОРИФИ МИНТАҚАИ  РАШТ

      Имрӯз 1 июни соли 2024  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт  ҷаласаи саёри вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Раҳим Саидзода Ҳамроҳ бо кормандони соҳаи марифи ноҳияҳои минтақаи Рашт  баргузор гардид.     

Ҳамзамон  дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт намоиши дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ноҳия   роҳандозӣ гардида, аз намоиши мазкур вазири маориф, раиси ноҳияи Рашт  ва ҳайати ҳамроҳонаш дидан намудан, ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.

     Ҳадаф аз ҷаласа иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат буда, дар он масъалаҳои пешгирии муноқишаҳои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, таъмини иштироки фаъоли хонандагон дар дарсҳо, пешгирии гаравидани омӯзгорону хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, пешгирии паҳншавии андешаҳои хурофотӣ миёни хонандагону омӯзгорон, гиромидошти арзишҳои миллӣ, риояи аз бар кардани либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, ҳамкорӣ бо кумитаҳои падару модарон дар масъалаи ба бар кардани либосҳои тавсиявӣ, сабзу хуррам гардонидани атрофи муассисаҳои таълимӣ, таъини мутахассисони варзида ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон, баланд бардоштани саводи расонаии хонандагону омӯзгорон, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар раванди таълим, ҷалби шумораи бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, рушди ҳаракати олимпӣ дар ноҳия, ҷалби хонандагону омӯзгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявииФурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“, “Илмфурӯғи маърифатваТоҷикистонВатани азизи ман“, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди фанҳои табиӣ ва дақиқ, пешгирии амалҳои хурофотӣ, баланд бардоштани ҳисси милливу хештаншиносӣ дар ниҳоди хонандагон, фарогирии хатмкунандагони синфи 9 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷалби нафароне, ки баъди хатми синфи 9 аз таҳсил дур мондаанд, ба таҳсил, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, фарогирии бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва таҳсилоти иловагӣ, таъмини маҳфилҳои наздимактабӣ бо таҷҳизотҳо, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии себаста, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳои фаннӣ ва мизу курсӣ, таъмини имтиёзҳои омӯзгорон ва бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

     Дар охир аз тарафи вазири маориф ба як қатор омузгорони фаъоли минтақаи Рашт бо  аълочии маориф ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

   Дар охир вазири маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.