Имрӯз 15 майи соли 2024 дар майдони маҷмааи «Сияриён!-и шаҳраки Ғарм ҷашни байналмилалии Рӯзи оила бо иштироки раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Идизода Зарина Фузайлшо ва ҳамроҳонаш аз дастовардҳои ба намоиш гузоштаи ҳунармандони ноҳия, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Чорабинии тантанавиро ба ин муносибат муовини раиси ноҳия Хушмаҳмадзода Фарзона кушода, ҳозиринро табрик гуфт.
Раиси ноҳия номаи шодбошии худро ироа намуда, ба чанд оилаи намунавӣ, оилаҳои ҷавон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим кард.
Аз тарафи Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба якчанд оилаҳои навтаъсисдодашуда шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ ва ба кӯдакони навтаваллудшуда шаҳодатнома дар бораи таваллуд тариқи ройгон дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ҳанармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин намуданд.