Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОЗМУНИ   “КАДБОНУИ  БЕҲТАРИН”   ДАР   ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ  ДЕҲОТ ВА  ТАШКИЛОТУ  МУАССИСАҲОИ НОҲИЯИ РАШТ  ДОИР  ГАРДИД.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, №АП-470, дар бораи баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю хунарҳои мардумӣ, имрӯз 24 феврали соли 2024 дар асоси нақша чорабиниҳои  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи  Рашт ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҷамоати шаҳраки Навобод озмӯни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия  Хушмаҳмадзода  Фарзона,  мудири шуъбаи кор бо занон  ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот ва аъзоёни ҳакамон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории озмун, «Кадбонуи беҳтарин» густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таъомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳунари кадбонугии бонувон, ҷалби ҷавондухтаронро ба ҳунарҳои  пазандагӣ, эҳёи таъоми миллӣ, бонувони  хонанишин ба корҳои  ҷамъиятӣ  иборат  мебошад.

Кадбонуҳо бо шартҳои озмун, аз қабили “Намоиши ҳунарҳои кадбонугӣ, таъомҳои миллии қадима ва замонавӣ”, “Намоиши маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чаппоти, фатир, гирдача, шириниҳо, кулчақанд ва ғайра”,  “Намоиши тайёр  намудани  як  таъоми  миллӣ ва муаррифии он, бо либоси махсуси хоси кадбонугӣ” иштирок намуда, аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳангӣ ноҳияи Рашт, барномаи фарҳангии хотирмонро пешкаши ҳозирин намуданд.