Дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи шаҳраки донишҷуёни ноҳияи Рашт бинои ошхона аз тарафи оилаи Саймуҳидиновҳо мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар расми кушодашавии иншоот иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок доштанд.
Дар баромади худ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо қайд намуданд, ки бунёди чунин иншооти мадани-маишӣ барои ҷойҳои нави кори шароит фароҳам меорад.