Дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд
Январь 4, 2024 14:17
РАШТ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва сокинону меҳмонон толори варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.
Толор бо ташаббуси ҷавонони деҳаи Шулмак бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти соҳаи варзиш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ин пас ҷавонону наврасони деҳа метавонанд бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёди 275 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора дар соҳаи варзиш 29 иншоот, маориф- 36 иншоот, тандурустӣ- 13 иншоот, 17 корхонаи саноатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд мешаванд.
То имрӯз 125 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд.