Субҳи рӯзи 13 сентябри соли равон дастранҷи маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангии сокинони ноҳияи Рашт дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе, пешкаши сокинони пойтахти кишварамон гардонида шуд.
Дар фестивал-намоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато,намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ширкат доранд.
Сокинони пойтахт метавонад бо нархи дастрас аз масулоти ба намоиш гузоштаи ноҳияи Рашт харидорӣ намоянд.
Барномаи рангини консертии ҳунармандони бахшҳои фарҳанги ноҳия низ пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.