Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рашт бо намояндагони воситаҳои ахбори омма.

 

Санаи 05 августи соли 2023 нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рашт бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз рўзномаҳои «Ҷумҳурият» Худоидоди Зайниддин, «Садои мардум» Диловари Мирзо, шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Сафина» Додарҷон Мирзозода, Фазлиддини Муҳадбек, радиои Тоҷикистон Ҷамшеди Раҳимбек, хабарнигори ҳафтаномаи «Пайк» Саиди Ҳайдар, котиби масъули ҳафтаномаи «Минбари халқ» Ибодуллоҳи Тоир, хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода мухтасар оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ 104,2 фоиз иҷро шуда, ба ҷойи 46 миллиону 883 ҳазор сомонӣ, 48 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 110 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 16 миллиону 483 ҳазор сомонӣ, 18 миллиону 131 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 175 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17 миллиону 871,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Барои бештар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дошта, дар ин замина, тибқи қарорҳои раиси ноҳия аз 03 марти соли 2022, №123 ва аз 01 майи соли 2023, №219 шумораи иншооти бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда, ба 275 адад расонида шуд. Яъне 72 иншооти иловагӣ ба нақшаи қаблӣ зам гардид. Аз шумораи иншооти зикргардида давоми соли 2022 ва 6 моҳи соли равон 88 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар 117 иншооти дигар корҳои сохтмону ободонӣ идома доранд.