Бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ ба муносибати «Рӯзи байналмиллалии ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рашт аз дастовардҳои соҳаҳои кор ба наврасону ҷавонон, фароҳам омадани тамоми шароит барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар даврони Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аз чорабинии фарҳангии ба ин муносибат омодашуда табъи иштирокчиён болида гардид.