Рӯзномаи иҷлосияҳо

         Нимаи дуюми рӯзи 24 сентябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқ баргузор гардид.

 

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди бараси ва муҳокима қарор дода шуданд.

  1. Рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2020»  (Ахбороти  муовини раиси ноҳия Шарифзода Ҳ.Ҳ).
  2. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Аскалон №24  Орзуев  Ихтиёр.
  3. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ортиқов Х.)