Мувофиқи банди 25 нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳияи Рашт оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023, ки ба қарори раиси ноҳия аз 12 январи соли 2023 №14 тасдиқ шудааст. Дар таърихи 28 феврал тамриноти ситодӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавию ҳудудии низоми ягона бо ишораи «Ҷаъмшавӣ» гузаронида шуд.
Мақсади гузаронидани тамриноти ситодӣ баланд бардоштани савияи дониши ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳия ва санҷиши ҳолати омодагии ҳайати роҳбарикунанда бо қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи ноҳия оиди пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда.