Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН  

       Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22-02-2023 дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва командони мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардид.

    Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини  раиси ноҳия Бахтиёр Муродзода оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сипас номаи табрикии узви Ма
ҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  бахшида ба 30-юмин  солагии таъсисёбии Артишии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Ӯ  иброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст. “Ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони  қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд. – гуфт раиси ноҳия зимни ироаи номаи табрикии худ.
Дар чорабин
ӣ ба як қатор афсарону сарбозон ва кормандҳои мақомотҳои давлатӣ мукофот ва туҳфаҳои Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Комиссариати ҳарбии ноҳия супорида шуданд.
Аз ҷониби раиси ноҳия Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  ба 400 нафар аз ҳайати шахсии қисмҳои низомии ҳудудди ноҳия туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.  Ин чунин ғолибони Мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми  раиси ноҳияи Рашт ва даври ноҳиявии Мусобиқаи тирпарронии Бонувони шуҷои Ватан бо диплом ва  туҳфаҳои хотиравии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сарфароз гардонида шуданд

 

Пас аз анҷоми маросими туҳфасупорӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашударо манзури ҳозирин гардонданд.