Рўзҳои 12-13 октябри соли 2022 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Саидалӣ Бобохонзода ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Абдуллоев дар доираи амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Рашт, ташриф овард.
Қайд намудан лозим аст, ки аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, 10 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд.
Ҳамчунин дар ин рўз аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар Донишкадаи омӯзгории Тољикистон дар Рашт вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ гузаронида шуд.