Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии тоҷикон яъне иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд.
Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ, раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси Миллии, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намуданд.
Ба намоиш намояндагони кишоварзон, аҳли фарҳангу зиё аз ҷамоатҳои шаҳрак деҳоти ноҳия , намунаҳои дастранҷи хеш, молу маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ пешниҳод гардид.
Ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳо дар ин ҷашн иштирок доштанд. Онҳо намоиши маҳсулотҳои қаноди, гўшту шир, мевагӣ, сабзавот, асал, мураббо ва афшураю нўшокиҳои ташнашиканро ба маърази тамошо монданд.
Дар фарҷом иди Меҳргонро барномаи консертӣ, суруду навои дилошуби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия боз ҳам хушу дилписанд ва хотирмон гардонд.