Чорабиниҳои “Шоми Истиқлол” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хос ва моломол аз салиқаи хуби ҳунармандони маҳалҳои дурдаст доир гардида истодааст.
Ба гуфтаи Бахтиёр Мурозода , муовини раиси ноҳияи Рашт, чорабиниҳои мазкур дар асоси қарори раиси ноҳияи Рашт аз 6 августи соли 2022, № 433 “Дар бораи дар сатҳи деҳа, ҷамоат ва маркази ноҳия баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертӣ” баҳри иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 34/10-40 аз 9 августи соли 2022 роҳандозӣ гардидааст.