Дастгирии оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои некиинсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонгароёнаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайрусахоро ба анҷом додани ин амали хайр ҳамеша ташвиқ мекунад.
Дар арафаи соли нави мелодӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба мактаб-интернатҳои ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла ноҳияи мо сафари корӣ анҷом дода, тарбиятгирандагонро аз номи Пешвои миллат табрик гуфт ва туҳфаҳои ирсолнамудаи Президенти мамлакатро тақдими онҳо кард.
Дар робита ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат эҳсонкориро роҳандозӣ карда, ба 55 оилае, ки зиёда аз думаъюб доранд, орду равған ва туҳфаҳои солинавӣ, ба 24 оилае, ки ҳамсаронашон русзабонанд, туҳфаҳои солинавӣ, ба маъюбон 3 аробачаи маъюбӣ, 2 асбоби тавонбахшӣ ва 2 асобағал тақдим намуда, ба сарбозону афсарони қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳия буда дастархони идона ороста, ба ҳаркадоми онҳо низ туҳфаҳои солинавӣ эҳдо кард.
Маросими туҳфасупории раиси ноҳия ба 22 нафар ятимони кулл ва шахсоне, ки сарпарастии онҳоро ба дӯш доранд, хотирмон гузашт. Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия онҳоро ба соли нави мелодӣ табрик гуфта, зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат ин қишри ҷомеаро ҳеҷгоҳ танҳо намемонад. Тамоми имкониятҳое, ки роҳбарияти ноҳия ба даст дорад, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат барои дастгирии онҳоравона месозад.
Баъди суханронии худ раиси ноҳия ба ҳаркадоми онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, ба шахсоне, ки сарпарастии онҳоро ба ӯҳдадоранд, кумакҳои молиявӣ расонд.
Пас аз анҷоми супоридани туҳфаҳои раиси ноҳия ятимони кулл ва сарпарастонашон дар якҷоягӣ бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мағозаҳои либосфурӯшии шаҳраки Ғарм ворид гардида, барои онҳо сару либоси зимистона хариданд.