Октябрь 1, 2021 17:22
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «ҳифзи Ватан- Модар муқаддас буда, қарзи шаҳрвандии ҳар сокини баномуси ин кишвар мебошад. Хушбахтона, сокинони ноҳияи Сангвор, махсусан ҷавонони синни даъватӣ ҳифзи марзу буми кишварро барои худ қарзи фарзандӣ дониста, имрӯз бо волидайни хеш дар чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда иштирок намуда, ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида истодаанд. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия ёфта, бо дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ будан ба Ватан-Модар ва давлати худро нишон медиҳанд».
Дар ҳамоиши мазкур ба зиёда аз 60 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Хушбахтона, дар ин маърака хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт, аз ҷумла раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Назригул Шамсиева, раиси молияи ноҳияи Рашт Хурсанд Давлатёрзода ва дигарон бо масъулияти баланди инсонӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.
Дилором Орифова, модари даъватшаванда Муҳаммадӣ Орифов аз ноҳияи Рашт иброз дошт, ки “вақте фарзандам дар хурдсолӣ ба мактаб рафт, бо ҳавас аз думболаш мерафтаму орзу мекардам, ки писарам калон шаваду чун бародаронам бо ифтихор ба хизмати Ватан равад ва дар назди хешу табор бо сари баланд гӯям, ки аскарбача дорам ва барояш тӯшаи роҳ омода кунам. Имрӯз ба мақсад расидам. Фарзандам мақсади маро амалӣ сохта, бо қалби лабрез аз муҳаббати ватандорӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва чун дигар ҷавонони сарбаланди тоҷик хизмати ҷавонмардияшро адо менамояд”.
Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода гуфт, ки «ҷавонони ноҳияи Лахш ба мисли дигар ҷавонони навоҳии минтақаи Рашт дар натиҷаи тарбияи дуруст ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аҳсан ба модароне, ки чунин ҷавонмардони бо нангу номус ва хештаншинос ба воя расонидаанд, ки онҳо имрӯз ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар роҳсипор гардида, бо ин ҷасораташон ҳамчун қаҳрамон барои наслҳои минбаъда мояи ифтихор мебошанд».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Урозбек Орунов аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ шуда, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.
АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт
https://khovar.tj/2021/10/no-iya-oi-rasht-va-sangvor-na-shai-davati-arbiro-100-foiz-i-ro-namudand/