Рашт бо мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими мусоид барои бунёд ва рушди соҳаи боғпарварӣ дорои имкониятҳои хуб мебошад. Меваҳои ноҳия, хусусан себу ноки он бо тамъу лаззати худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кайҳо боз машҳуранд.
Дар доираи Барномаи рушди боғу токпарварӣ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия саъю талош доранд, то шуҳрати пешинаи боғдориро эҳё намоянд.
Ҳамин буд, ки шанбеи сипаришуда дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Пайванд» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як маъракаи муҳташаме оид ба ҳашари ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои нав ташкил карда шуда, дар он бо як дилгармӣ зиёда аз 800 нафар фаъолону зиёиён, пирони рӯзгордида ва устодону донишҷӯёни мауассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбию Донишкадаи омӯзгории Тоҷикисон дар ноҳияи Рашт иштирок карданд.
Тавре Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, дар шафати хоҷагии ҶДММ “Пайванд”, яъне анқариби мавзеи даромадгоҳи ноҳия боз 10 гектар боғи интенсивӣ бунёд мегардад. Ба ин васила низ мувофиқи меъёрҳои муайяншуда 100 нафар бояд соҳиби ҷойи кор гардад.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари бунёди боғҳои интенсивӣ эҳёи навъҳои себу ноки қадимии раштӣ низ ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии боғот дар ноҳия ба 4645 гектар расидааст. Соли сипаришуда 73 гектар боғ бунёд шуда, имсол дар нақша ҳаст, ки 15 гектари дигар аз ин қабил боғҳо танҳо дар талу теппаҳо бунёд гардад.
- Чуноне ки медонем, минтақаи Рашт солҳои қаблӣ аз ҳисоби рушди соҳаи мева ва боғу токпарварӣ овозадор буд ва мо боварии комил дорем, ки ин иқдом барои рушди ояндаи боғдорӣ як заминаи муосид фароҳам меорад. Мардуми ноҳия барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии худ ва рушд додани соҳаи боғу токпарварӣ саъю талош варзида, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми босазои худро мегузоранд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ғайниддин Манонов.