Хабарҳо

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рашт

 5 март, бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли ноҳияи Рашт дар Қасри фарҳанг бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Муовини якуми раиси ноҳия Идиева Зарина баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҷамъомадро кушода эълон намуд.

Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада, кулли занону бонувонро бахшида ба Рӯзи модар табрик гуфта, зикр сохт, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.

Дар ҳақиқат, модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.

Дар рафти чорабини аз ҷониби раиси ноҳия ба собиқадорони меҳнату фаъолзанони ноҳия бахшида ба Рӯҳи модар туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.