Хабарҳо

Дар ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 то соати 11:00 беш аз 26 ҳазор интихобкунандагон ба номзадҳои арзанда овоз доданд

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 Ғунчагул Сайфудинова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи президентӣ дар ноҳияи Рашт 65 участкаи интихоботӣ пурра омода буда, дар хизмати интихобкунандагон қарор доранд. Дар ҳавзаи интихоботии Рашт, №9  64 ҳазору 685 нафар интихобкунандагон мавҷуданд, ки 912 нафари онҳо бори аввал овоз медиҳанд. Дар баробари ин, тамоми чораҳои зарурии зиддиэпидемикӣ андешида шудааст».

Тибқи иттилои масъулин, то соати 11:00 шумораи интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ҳавзаи мазкур ба 26 ҳазору 585  нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз сокинони зиёди ноҳияи Рашт барои интихоби номзади арзанда ба участкаҳои интихоботӣ рафта, баҳри рушду нумуи бештари мамлакат овоз дода истодаанд.

Сокини ноҳияи Рашт Меҳрангез Ҳакимова мегӯяд, ки «интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди сиёсии ҷомеа буда, баҳри ташаккули ниҳоди ҳокимияти давлатӣ  ва  институти президентӣ аҳамияти хосса дорад. Аз ин рӯ ҳамаи  шаҳрвандонро зарур аст, ки нисбат ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро интихоботи одилонаву шаффофи номзади арзанда ба мансаби Президент гарави пешрафти ҳамаҷонибаи давлату миллат мебошад».

Зимни боздид аз участкаи интихоботии №26-и ноҳия  маълум гардид, ки барои овоздиҳандагон  тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо утоқи махсус барои модару кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, утоқи махсус барои шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ҳамчунин шароити мусоид барои намояндагони ҳизбҳои сиёсию мушоҳидони  дохилию байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.

https://khovar.tj/2020/10/dar-avzai-intihobotii-rasht-9-to-soati-11-00-besh-az-26-azor-intihobkunandagon-ba-nomzad-oi-arzanda-ovoz-dodand/