Хабарҳо

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

Вохӯрии Муқимӣ Раҳимҷон Набизода – раиси ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқуқ тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли  ҷамоатчигии  ноҳия доир ба таблиғи  муҳтавои  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, идома дорад.

Хабарнигори рӯзномаи “Оинаи Рашт” рафти вохӯриҳои мазкурро дар фароғатгоҳҳои деҳаи Ярхаби Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр мавриди мушоҳида қарор дод.

Дар вохӯриҳо нахуст Раҳимҷон Набизода ҳайати гурӯҳи кориро муаррифӣ намуда, раиси ҷамоати деҳот оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2019 ва нақшаи тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2020 ҳисобот манзур мекард.

Ҳисоботи раиси ҷамоат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ дастоварду мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи деҳоти мазкур ақида иброз медоштанд.

Раҳимҷон Набизода дар баромадҳои худ  иброз доштанд, ки Паёми  Пешвои миллат  роҳнамои ҳадафҳои  созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро  дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.

Инчунин қайд намуданд, ки  Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани саноат, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзӣ, дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро  оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси ноҳия аз дастовардҳои беназири соли 2019 ёдовар шуда, иброз доштанд, ки чунин дастовардҳо ифтихор ва нури умеду бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бори дигар дар қалбҳои мардуми кишвар маскан ва таҳким бахшид.

Ҳамчунин, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар фароварди чорабиниҳо шахсони саховатманду эҳсонкорро, ки дар корҳои ободонию созандагии деҳоти ноҳия саҳм доранд, бо ифтихорномаю сипоснома сарфароз гардонда, соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар ҳар як вохӯриву мулоқотҳои доиргардида  атрофи нуктаҳои Паём иштирокчиён андешаҳои худро иброз мекарданд.