Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

23 ноябри соли 2019 дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар чамъомад муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси комиҷроияи Хизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт,  раиси Суди ноҳия, муовини Пурокурори ноҳия, муовини якуми РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, муовини РКДАМ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи аскарону сарбозон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии ноҳия роҳпаймои сурат гирифт.

Баъд аз роҳпаймоӣ дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.