Тандурустӣ

Кумаки ройгони тиббӣ ба аҳолии ҷомоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт тибқи нақшаи кории муштараки байни Беморхонаи маркази ва Шабакаи муассисаҳои кӯмаки авалияи тиббию санитарӣ дар соли 2019, дар ҷамоатҳои шаҳракию деҳоӣ Боқи Раҳимзода, Оби меҳнат, Ҷафр, Ҳоит ва Ясман  Корвони саломатиро ба роҳ монданд.

Дар чорабинии мазкур 15-нафар табибон ширкат варзида ба 650 нафар кӯмаки ройгони аввалияи тиббию санитарӣ расониданд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ аз тарафи кормандони “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и ноҳияи Рашт зиёда аз 3100 донна китобчаю дастурамал ва варақаҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, домана, гепатиҳои вируси, бемории сил, фишорбаландӣ, диабети қанд, омилҳои ирсӣ, никоҳи хешу таборӣ, модаршавии бехавф ба тариқи ройгон ба аҳолӣ дастрас карда, шуда оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳо зикршуда ба мардум корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.