Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба аёдати бонувони бистаришудаи Беморхонаи бемориҳои равонии минтақаи Рашт рафта, онҳоро бо фарорасии ин иди муқаддас самимона табрик намуданд.
Зимни дидорбинӣ модарон ва бонувон ба муносибати Рӯзи Модар бо суханони гарму самимӣ шодбош гуфта шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рӯи дунё буда, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффои меҳру садоқат ва махзани ганҷи фарзанд маҳсуб меёбад. Модарон ҳамчун тарбиятгари насли солиму соҳибмаърифат дар ҷомеа мақоми хеле баланд дошта, эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо қарзи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон ва сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ибрози назар карда шуд. Қайд гардид, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми назаррас мегузоранд.
Дар навбати худ, модарони рӯзгордида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба занону модарон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занону модаронро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати расонидани кумаку ғамхорӣ ба онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.


