Кумакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо ва намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтов Бахтиёр ба оилаҳои аз зилзила зарардидаи ноҳияи Рашт расонида шуд.
Кумак аз дастрасӣ ба хайма, маводи ғизоии ниёзи аввал орд, шакар, макарон, равған ва марҷонак иборат мебошад.
Мардуми аз офати табиӣ зарардида бори дигар эҳсос карданд, ки давлату Ҳукумати мамлакат онҳоро танҳо нагузошта, дар рӯзҳои мушкилтарин ҳамеша мададгору дастгирӣ онҳо мебошад.
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳо, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимиашон изҳори сипосу миннадорӣ намуданд…
Расондани кумакҳо ба оилаҳои зарардида идома доранд.