Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

  8 апрели  соли 2025 бо ҷалби, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт  барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм   ҳашари ниҳолширонӣ баргузор  гардида,  ниҳоли ороишии Арча шинонида шуд.

   Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо  барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.