Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ФЕСТИВАЛОЗМУНИ «САД РАНГИ ЧАКАН» ДАР        НОҲИЯИ РАШТ 

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебопарастӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, ки дар ноҳияи Рашт даври ноҳиявии  «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Фестивал аз рӯйи номинасия “Намоиши либоси қадимаи чакан”, “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси расмӣ ва “Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ ҷараён гирифт.      
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки «Ҳамчун намунаи санъати гулдӯзии тоҷик ва бозгӯи таърихи ниҳоят қадима, урфу одат ва олами маънавии мардуми мо, баъд аз талошҳои панҷсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, санъати гулдӯзии чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.»   
Ҳамзамон аз тарафи аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардонида шуд.
Дар фар
ҷом иштирокчиён бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Рашт  сарфароз гардонида шуданд.