Дастгирии оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва ятимону бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонпарваронаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, хайру сахоро ба анҷом додани ин амали хайр ҳамеша ташвиқ мекунанд.
Дар робита ба ин, соҳибкор аъзои ҲХДТ Беҳруз дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон эҳсонкорӣ ва хайрандеширо пеша намуда, ба оилае, ки зиёда аз ду маъюб доранд, шахсони камбизоату ниёзманд маводи ниёзи аввал кумак расонд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои душвор мардуми мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам қарор доранд, барои рафъи мушкилоти ниёзмандон камар ҳимат мебанданд.