Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Бо мақсади расонидани муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Аскалон ва Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бо иштироки раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо ва фаъолону собиқадорони ҷамоатҳо вобаста ба шарҳу тавезҳи Паёми Президенти мамлакат вохӯрӣ доир карда шуд.
Раиси ноҳия зимни баромад, худ аз нуқтаҳои афзалиятноки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.