Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ЭРОДҲО ВОҚЕЪБИНОНА БУДАНД   

06  январи соли 2025 дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт,  вохӯрии раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо бо кормандони дастгоҳи шуъбаи  маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кумитаи волидайни  муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия баргузор гардид.

Бозоров Ш мудири шуъбаи маорифи  ноҳия дар оғози вохӯрӣ роҷеъ ба бурду бохти соҳаи маориф дар соли 2024  ҳисобот дод.

Идизода Зарина Фузайлшо дар фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия эродҳои ҷиддӣ гирифта, баҳри фавран бартараф  намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.  Аз ҷумла,  дар  баромади хеш қайд намуд, ки дар асоси дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳия ба масъалаи бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди  39  иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, дар соли 2024 дар назди 10 муассисаҳои таълимӣ биноҳои нави иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.

Раиси ноҳия дар фарҷом ба дастгоҳи  шуъбаи маориф дастур дод, ки назоратро аз болои сифати таълим пурзӯр намуда, фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  зери назорати ҷиддӣ гирифта шавадХонаи мушовирони  шуъбаи маорифро низ ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои наву самарабахши таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баҳри беҳтаргардонии сифати таҳсилот ҳидоят намуд.