Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз фазилатҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо барои 70 нафар маъюбону, ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.
Сабтҳои охирин
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 29.08.2024 https://www.president.tj/event/news/47025 29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба […]
ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ МЕОРАНД
Сокинони ноҳияи Рашт бо садоқату муҳаббати беназир ба Ватани худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои шукуфоии ин гӯшаи биҳиштосои кишвари азизамон дастҷамъона саъю талош доранд. Тоҷикистон ва иштироки муташаккилонаи мардум дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки […]
БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКИ
Имрӯз мо Рӯзи забони тоҷикиро таҷлил намудем, ки бешубҳа яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллию давлатии мост. Зеро барои миллати мо забон на танҳо воситаи гуфтору муошират аст, балки як унсури бунёдиест, ки худи ҳувияти миллии мо бар меҳвари он бунёд шудааст ва худи бақои миллии мо бар пояи он таъмин гаштааст. Забон воситаи муҳиммтарини робитаи […]


