Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат, ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодаанд. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур фаъолони касбу кори гуногун, ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–Фурӯғи маърифат», «Точикистон –Ватани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо алҳол дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум баргузор карда шуданд.