Шукри замони истиқлолият, шукри сулҳу ваҳдат, шукри Пешвои бунёдсозу ояндабини миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоем, ки мо тоҷикон имрӯз соҳиби ватани ободу озод аз ифтихороти миллии хеш мебошему дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем ва мавқею нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ рӯ ба болоравӣ қарор дорад.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ кишвари маҳбубамон бо суръат рушд намуд. Ва имрӯзҳо дар ҳар гӯшаю канори он ободкорию созандагиҳо бо ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад, ки дар ин радиф симои маркази ноҳияи Рашт низ комилан тағийр ёфта истодааст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои наҷибонаю созандаи Сарвари муаззамамон чун дигар манотиқи кишвар дар ноҳияи Рашт қоматафрозии босуръати биноҳои чандошёнаи маъмурию хизматӣ, тахту ҳамвор ва сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳо, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, гулпӯшгардонии саҳни муассисаҳо ва атрофи роҳҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва боз чандин чорабиниҳои дигар аз амалҳои неки хайрхоҳонаест, ки сол аз сол вусъати тоза пайдо мекунанд.
Дар урфият мегӯянд, ки ватандорӣ ва ободсозии Ватан аз гӯшаи имон аст. Бояд ҳар шахс дар ободии диёри худ, маҳал, гузар ва ақалан хонаи худ сидқан кӯшиш ба харҷ диҳад, то дар созандагӣ саҳме дошта бошад. Албатта, чунин талошҳо натиҷаҳои нек низ ба бор оварданд. Имрузҳо, вақте ки кас вориди маркази ноҳия мегардад, аз тамошои биноҳои ошёнадори ҳозиразамони маъмурию хизматрасонии ду тарафи роҳ, шиору овезаҳо ва чароғонии кӯчаҳо, дарахтони ҳамешасабзу ороишдиҳандаи шафати роҳҳо ва табиату ҳавои тозаи ин мавзеи нотакрори афсонавӣ ҳаловат бурда, ба ободгарону саҳмгузорони он аҳсан мехонад, зеро маркази ноҳия симои шаҳракро гирифта истодааст ва то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ сохтмону баистифодадиҳии даҳҳо иншоотҳои дигар дар назар дошта шудаанду ободкориҳои зиёд дар пешанд.
Мо сокинони меҳмондӯсту меҳнатқарини ноҳия пайи амалишавии иқдомҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат талош ба харҷ дода, ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро чун дигар ҳамватанон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намоем. Боз даҳҳо иншооти дигари ҷашниро сохта ба истифода медиҳем ва сайъ менамоем, ки дар рӯзи ҷашн ҳар ҷамоат, ҳар деҳа, ҳар ташкилоту муассиса ва ҳар хона симои идона ба бар дошта бошад.