Баргузории чорабинии идона дар Қисми низомии 02011Д, воқеъ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм бахшида Ба муносибати 27-умин – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина баромад намуда, тамоми сарбозону афсаронро ба ҷашни 27 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, зикр намуд, ки моро зарур аст доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд. Барои истодагарӣ намудан ба ин хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти кишвар ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби кишвар барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад.
Аз ҷониби раиси ноҳия, дастархони идона барои сарбозон ороста шуд.
Пас аз анҷоми маросим дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашударо манзури ҳозирин гардонданд.