Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

 

 

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии  иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин асно, санаи 4-уми апрели соли равон дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум  деҳаи Чорбоғ   ноҳия, таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид,  ки дар он муовинони раиси ноҳия, Шӯъбаи муҳити зист  ва сокинони ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум фаъолона иштирок намуданд.